Сабр

Таълими ахлоқи сабр.

Шинохти ақсоми сабр.

Зарурати сабр дар ҳамзистӣ бо афрод ва ҷомеъа.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي وعد الصابرين أجرهم بغير حساب، وجعل لهم العواقب الجميلة في هذه الدنيا ويوم المآب، وأشهد أن لا إله إلا الله،وحده لا شريك له ،الرحيم التواب ،الكريم الودود الوهاب ،وأشهد أن محمدًا عبده ورسوله ،الذي أنزل عليه الحكمة وفصل الخطاب ،اللهم صلّ على محمد وآله وأصحابه صفوة الصفوة ولبّ اللباب وسلّم تسليمًا. أما بعد:

Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Аллоҳро пеша кунед ва бидонед, ки сабр ва бурдборӣ аз имони инсон аст ва ҷойгоҳи сабр дар имони инсон монанди сар дар бадани вай мебошад, пас ҳар, ки аз неъмати сабр бебаҳра монад, аз яқин ва имон низ маҳрум мемонад.

Таваҷҷӯҳи фаровони Қуръон ба сабр ба хотири арзиши динӣ ва ахлоқии он аст. Сабр як фазилати ахлоқии сонавӣ нест, балки як зарурат аст ва тараққӣ ва баландӣ ва такомули одамӣ ҷуз дар сояи он имконнопазир нест. Агар сабр набошад, саъодату хушбахтии фарду ҷомеъа, ҳеҷ кадом муяссар нест. Бидуни сабр, на дин пойдор аст, на дунё, бинобарин сабр ҳам як зарурати дунявист ва ҳам як зарурати динӣ.

Сабру зафар ҳар ду дӯстони қадимианд. Ба асари сабр навбати зафару пирӯзӣ ояд. Ҷойгоҳи сабр дар адабиёти форсӣ маъруф аст ва калимаҳову ҷумлаҳои шоеъ дар форсӣ худ нишонаи ин аҳамият ва ҷойгоҳи муҳим аст:

Сабр талх аст ва локин самараи ширин дорад.

Сабр кун, аз ғӯра ҳалво мешавад.

Ҳар ки товӯс хоҳад, ҷаври Ҳиндустон бикашад.

Бешак, аҳли имон бештар дар маърази озорҳо ва мусибатҳову нохӯшиҳо қарор мегиранд ва табиъатан зарурати сабр дар ин ҷо бештар худро нишон медиҳад.

Зиёнҳои молӣ ва ҷонӣ, аз даст додани азизон... ҳамаи инҳо лозимааш, таҳаммулу бурдборист. Дар тӯли таърих, бандагони хоси Аллоҳ, Анбиёву солиҳин, сахт мавриди озмоиш қарор гирифтаанд. Иблис дар баробари Одам, Намрӯд дар баробари Иброҳим, Фиръавн дар баробари Мӯсо, Абӯҷаҳл дар баробари Муҳаммад (с)... бинобарин ин тибқи суннат ва ҳикмати Илоҳӣ пас аз Анбиё (а) соири мӯминон нисбат ба дигар инсонҳо бештар мавриди озмоиши сахти Аллоҳ қарор мегиранд, ҳамон гунае, ки Расули гиромии Ислом мефармоянд:

«أشد الناس بلاء الأنبياء ثم الأمثل فالأمثل».

Яъне, Анбиё аз ҳама зиёд зери ибтилову имтиҳон қарор мегиранд, баъд аз онҳо мисолиҳову мисолиҳо".

Мӯминони намозгузор! Сабр дурахшандатарин хулқ ва хӯйи Қуръонист, ки дар ҷой ҷои Қуръон ба навъе мавриди инояти Парвардигор қарор гирифта аст. Бо таваҷҷӯҳ ба оёти Қуръонӣ метавон гуфт: волотарин ва болотарин дараҷаи диндорӣ сабр аст ва бузургтарин хосияти аҳли имон, сабр аст ва бандагони шоистаи Аллоҳ ба ҳар куҷо, ки расиданд, дар партави сабр будааст. Қуръон сабро калиди некӣ ва дарвозаи хушбахтии дунё ва охират дониста аст.

Аллоҳи мутаъол аҳли сабрро навиду башорат медиҳад ва мефармояд:

(وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ 155 ) [البقرة: 155]

«Яқинан шуморо бо чизе аз қабили тарсу гуруснагӣ ва коҳиши амволу ҷон ва меваҳо (маҳсулот ва фаровардаҳову тиҷорат) меозмоям ва ба шикебоён мужда бидеҳ».

( وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ حَتَّى نَعْلَمَ الْمُجَاهِدِينَ مِنْكُمْ وَالصَّابِرِينَ وَنَبْلُوَ أَخْبَارَكُمْ 31 ) [محمد: 31]

«Ва ҳатман шуморо меозмоем, то муҷоҳидон ва собиронатонро маълум дорем ва хабарҳоятонро ошкор кунем».

Сабр яке аз муҳимтарин асбоби растагорӣ ва комёбии инсон аст. Аллоҳи мутаъол дар ин робита мефармоянд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اصْبِرُوا وَصَابِرُوا وَرَابِطُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ 200) [آل عمران: 200]

«Эй касоне, ки имон овардаед! бурдборӣ пеша кунед ва пойдорӣ варзед, меҳнат кашед ва барои ҷиҳод омода бошед ва тақвои Аллоҳ дошта бошед, шояд растагор шавед».

Аллоҳи мутаъол подоши собиринро беинтиҳо қарор додааст, он ҷо, ки мефармояд:

( إِنَّمَا يُوَفَّى الصَّابِرُونَ أَجْرَهُمْ بِغَيْرِ حِسَابٍ 10 ) [الزمر: 10]

«Дар ҳақиқат подоши собирин бешумор ва комил дода мешавад».

Аллоҳи мутаъол амонату раҳбарӣ дар динро ба сабр вобаста сохтааст ва дар ин бора мефармояд:

( وَجَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا وَكَانُوا بِآَيَاتِنَا يُوقِنُونَ 24 ) [السجدة: 24]

«Ва чун сабру шикебойи карданд ва ба оёти мо яқин доштанд, бархе аз ононро пешвоёне қарор додаем, ки ба фармони мо (мардумро) ҳидоят мекарданд ва ба оёти мо яқин доштанд».

Уламо ва донишмандони исломӣ аз дер боз гуфтаанд, ки:

«بالصبر واليقين تنال الإمامة في الدين».

"Бо сабру яқин имомат ва пешвоии дини ба даст хоҳад омад".

Аллоҳи мутаъол ба мо мегӯяд, ки агар ҳамроҳ бо сабр тақвои Аллоҳро пеша намоед, ҳаргиз макру кайди душманон ба шумо осеб нахоҳад расонид, он ҷо ки мефармояд:

( إِنْ تَمْسَسْكُمْ حَسَنَةٌ تَسُؤْهُمْ وَإِنْ تُصِبْكُمْ سَيِّئَةٌ يَفْرَحُوا بِهَا وَإِنْ تَصْبِرُوا وَتَتَّقُوا لَا يَضُرُّكُمْ كَيْدُهُمْ شَيْئًا إِنَّ اللَّهَ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ 120) [آل عمران: 120]

« Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмон гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, дар ҳақиқат Худо бар ҳар коре, ки мекунанд, огоҳӣ дорад!”.

Бародарони гиромӣ! Мушоҳида кардем, ки Аллоҳи мутаъол чӣ гуна моро ба сабру бурдборӣ ташвиқ намуда ва чӣ подошҳоеро барои собирин қарор дода аст.

Ҳоло бингарем, ки уламо ва донишмандон ин сабрро чӣ гуна таърифу тафсир намудаанд. Дар “мисбоҳи мунир”, вожаи (сабр) ба маънои нигоҳ доштани хештан аз дилнигаронӣ омадааст, аммо калимаи сабр дар истилоҳ, яъне: ҳифзи нафси хеш аз бетобӣ ва контроли забон аз шиква ва ношукрӣ ва муҳофизати аъзои дигари бадан аз аъмоле монанди: бар сару сурат задан ва гиребон дарондан ва тасануъ дар гиряву зорӣ. Ва дар ҷои дигар омадааст, ки сабр ба маънои “истодагӣ дар ҳангоми ибтилову мусибат ҳамроҳ бо ҳусни адаб” аст.

Дигаре сабрро ин гуна таъриф намудааст, ки сабр ба маънои: “бениёзӣ дар бало ва мусибат, бидуни изҳори гила ва шикоят” аст. Ва ба таври куллӣ, ду навъ шиква ё шикоят вуҷуд дорад. Яке ин, ки инсон ба сӯи Аллоҳи мутаъол нола ва шиква намояд, ки ин навъ бо сабр ҳеҷ гуна муғойирате надорад, монанди гуфтаи паёмбар Яъқуб (а) ҳангоме, ки гуфт:

( قَالَ إِنَّمَا أَشْكُو بَثِّي وَحُزْنِي إِلَى اللَّهِ وَأَعْلَمُ مِنَ اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ 86 ) [يوسف: 86]

«Гуфт: ман шикояти ғаму андӯҳи худро пеши Аллоҳ мебарам ва аз (лутфу инояти) Парвардигор чизе медонам, ки шумо намедонед».

Бо вуҷуди ин, ки дар ҷои дигар эшон фармуда буданд: «فَصَبْرٌ جَمِيلٌ», яке дигаре аз анвоъи шиква ва гилаву шикояти инсон мубтало аз қазо ва қадари Илоҳӣ ва балову мусибат аст, ки ин навъ ҳаром ва ноҷоиз мебошад. аммо агар шахсе бихоҳад, беморӣ ва ё ибтило ва мусибати худро назди дигаре танҳо ба унвони хабар ва иттилоъ (ва бидуни гила ва шикоят аз Аллоҳ ва қазову қадар) баён намояд, мунофоте бо сабр надошта ва ҷоиз мебошад.

Азизони намозгузор! Уламо ва донишмандони исломӣ аз салаф то халаф, китобҳои зиёдеро дар мавриди сабр ва аҳамияту анвоъи он навиштаанд, ки банда низ аз дастовардҳои онҳо истифода намуда ва барои шумо бародарони гиромӣ баён медорам.

Ба таври умум, уламо ва дошинмандони исломӣ сабрро ба се даста тақсим намуданд. Яке аз он сабрҳо барои анҷом тоъот ва ибодот аст. Иллати вуҷуди ин навъ сабр аст, ки нафси инсон зотан, аз бандагӣ ва банда будан гурез дорад ва ба сӯи озодии бе қайду банд тамоюл дорад, лизо банда барои ба ҷо овардани ибодат ниёзманд ба сабр аст. Бархе ибодатҳо мисли намоз, инсон ба хотири касолат ва танбалӣ аз он хушаш намеояд ва бархе мисли закот, ба хотири бахилӣ ва бархе ҳам ба хотири ҳар ду (бахилӣ ва танбалӣ) аз он нохушоянд аст, ҳамонанди ҳаҷҷу ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ.

Ба таври куллӣ мӯмин барои фармонбарӣ аз Аллоҳи мутаъол дар се марҳала ба сабр ниёз дорад, ки худ ин сабр калиде аст, барои ихлоси шахс дар он ибодат:

Дар ҳоле, ки қасди ибодат дорад, сабр дар ин марҳала пуштибони инаст, ки банда нияташро пок гардонад ва бо ихлоси тамом ибодатро шурӯъ кунад ва нагузорад, худнамойи ва риё онро биёлояд.

Марҳалаи дуввум дар замони анҷом додани ибодат, дар ҳоле, ки машғул ба ибодат шудааст. Дар ҳангоми ибодат лаҳзае аз аз Аллоҳи мутаъол ғофил нагардад ва аз анҷом додани одоб ва суннатҳои ибодат танбалӣ накунад, яъне то вақте, ки аз ибодат фориғ нашуда аст, ба василаи сабр аз омилҳое, ки боиси сустӣ ва коҳилӣ мешаванд, худро нигоҳ дорад.

Марҳалаи саввум пас аз поён пазируфтани ибодат. Ҳолати саввум, яъне фароғ аз амал. Дар ин ҷо сабр инаст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз риё ва худнамойи аз изҳор ва ифшои ибодат ва аз ҳар чизе, ки амали ӯро ботил ва табоҳ мекунад, хештандорӣ кунад. Касе, ки баъд аз садақа додан, сабр пеша накард ва миннат гузошт ва озор расонд ва ё онро барои дигарон бозгӯ намуд, он хайрро ботил кардааст.

Дуввумин навъ аз сабр, сабр дар муқобили мусибат аст, монанди марги дӯстон, нобудии сарват, нобинойи, аз байн рафтани саломатӣ ва мусибатҳои дигар. Сабр бар ин гуна масоил болотарин мақоми сабр аст, зеро пуштибони ин сабр, яқин аст.

Паёмбари Ислом фармуданд:

«مَنْ يُرِدْ اللَّهُ بِهِ خَيْرًا يُصِبْ مِنْهُ». (رواه البخاری).

"Касе, ки Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр кунад, ӯро ба сахтӣ меозмояд".

Сабр дар баробари мардумозорӣ низ, ҷузъи ин навъ сабр ба шумор меравад.

Саввумин навъ аз анвоъи сабр, сабр дар муқобили мусибат аст, ки монеъ аз иртикоби маъсият мешавад.

Имом Ибни Қайим муътақид аст, ки сабр аз маъсият ва сабабҳои мутаъаддиде нашъат мегирад:

Огоҳии инсон ба зишту паст будани гуноҳу мусибат.

Шарм аз Аллоҳ.

Арҷ ниҳодан ба неъматҳо ва эҳсони Аллоҳи мутаъол бар хеш.

Тарс аз Аллоҳ ва бим аз уқубати ӯ.

Муҳаббату ишқ ба Аллоҳи мутаъол (ва ин муҳимтарин асбоб аст).

Шарофат, покӣ ва фазилати нафс.

Шинохти комил ба саранҷоми бади гуноҳкор ва зиштии паёмади он.

Костан аз орзӯҳо дар дунё ва худро мусофир донистан.

Дурӣ кардан аз зиёдаравӣ дар хурдан, ошомидан ва пӯшиданд.

Даҳумин сабаб, ки дар баргирандаи ҳамаи сабабҳои ёд шуда аст: дарахти тануманди имон дар қалб аст. Ҳар чанд имон қавитар бошад, инсон комилтар аст, чунон ки ҳар гоҳ имон заъиф шавад, сабр ҳам ба ҳамроҳи он заъиф мешавад.

Аз Аллоҳи Рабул-иззат ва ҷалолу ҷабарут ва камол хоҳонам, ки имони моро ба зинати сабр музайян созад ва тавфиқи пойдорӣ ва истиқомат дар сиротал-мустақимро насиби мо ва шумо гардонад, то дар он дунё аз зумраи касоне бошем, ки аз подош ва неъматҳои беҳадду марзи Илоҳӣ баҳраманд мешаванд.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله رب العالمين أحمده سبحانه وأشكره، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن نبينا محمدا عبد ورسوله صلى الله وسلم وبارك عليه، وعلى آله وأصحابه والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين. اما بعد:

Намозгузорони гиромӣ! Тақворо пеша кунед ва ҳамвора аз ӯ бихоҳед, ки моро дар зумраи собирон ва бурдборон маҳшур гардонад. Расули Акрам (с), ки усва ва қудваи мо дар тамоми умур ҳастанд, дар зиндагии пурбаракати хеш қавлан ва амалан, намунаи комили як инсони собир бунанд ва ёрону аҳли байт ва наздиконашро, ки шогирдони таррози аввали мактаби вай буданд, ҳамвора бар ин ахлоқи вороста тарбият менамуданд.

Аз Саъд бин Ваққос ривоят аст, ки мегӯяд: гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Кадом гурӯҳе аз мардум сахтар озмӯда мешавад? Фармуданд:

«الْأَنْبِيَاءُ ثُمَّ الصَّالِحُونَ ثُمَّ الْأَمْثَلُ فَالْأَمْثَلُ مِنْ النَّاسِ يُبْتَلَى الرَّجُلُ عَلَى حَسَبِ دِينِهِ فَإِنْ كَانَ فِي دِينِهِ صَلَابَةٌ زِيدَ فِي بَلَائِهِ وَإِنْ كَانَ فِي دِينِهِ رِقَّةٌ خُفِّفَ عَنْهُ وَمَا يَزَالُ الْبَلَاءُ بِالْعَبْدِ حَتَّى يَمْشِيَ عَلَى ظَهْرِ الْأَرْضِ لَيْسَ عَلَيْهِ خَطِيئَةٌ". (رواه الترمذی).

"Паёмбарон, сипас солиҳин ва сипас касоне, ки ба онҳо шабеҳтаранд. Шахс бар ҳасби диндорияш озмӯда мешавад, пас агар дар диндориаш пойдорӣ ва салобат бошад, дар миқдори озмӯдани ӯ низ афзӯда мешавад ва агар дар диндории ӯ заъф бошад, аз миқдори озмӯдани вай коста мешавад ва ба истимрор инсон мавриди озмоиш қарор мегирад, то ин ки дар ҳоле бар замин меравад, ки гуноҳе бар ӯ нест ва сабраш гуноҳашро пок кардааст". (Ривояти Тирмизӣ).

Абӯяҳё Суҳайб бин Синон дар ривояти дигар мегӯяд, ки Расули Акрам (с) мефармоянд:

«عَجَبًا لِأَمْرِ الْمُؤْمِنِ إِنَّ أَمْرَهُ كُلَّهُ خَيْرٌ وَلَيْسَ ذَاكَ لِأَحَدٍ إِلَّا لِلْمُؤْمِنِ إِنْ أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ فَكَانَ خَيْرًا لَهُ وَإِنْ أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ صَبَرَ فَكَانَ خَيْرًا لَهُ" (رواه مسلم).

"Шигефто ва таъаҷҷубовар аст кори мӯмин, ҳамаи кораш хайр аст. Ин вижагӣ ва хосият ғайр аз мӯмин, барои касе ҳосил намешавад. Агар хушӣ ба ӯ бирасад, шукр мекунад, пас барояш хайр аст ва агар сахтӣ бар ӯ бирасад, сабру бурдборӣ мекунад, пас ин барояш низ хайр аст".(Ривояти Муслим).

Аз Абӯабдуллоҳ, Хубоб бин Арас ривоят шуда, ки гуфт: Ба Паёмбар (с) шикоят кардам, дар ҳоле ки ӯ дар сояи Каъба ба бурдаи хеш такя зада буд, гуфтам: Оё барои мо талаби ёрӣ ва пирӯзӣ намекунӣ? Оё барои мо дуо намекунед? Паёмбар (с) фармуданд:

«قَدْ كَانَ مَنْ قَبْلَكُمْ يُؤْخَذُ الرَّجُلُ فَيُحْفَرُ لَهُ فِي الْأَرْضِ فَيُجْعَلُ فِيهَا فَيُجَاءُ بِالْمِنْشَارِ فَيُوضَعُ عَلَى رَأْسِهِ فَيُجْعَلُ نِصْفَيْنِ وَيُمْشَطُ بِأَمْشَاطِ الْحَدِيدِ مَا دُونَ لَحْمِهِ وَعَظْمِهِ فَمَا يَصُدُّهُ ذَلِكَ عَنْ دِينِهِ وَاللَّهِ لَيَتِمَّنَّ هَذَا الْأَمْرُ حَتَّى يَسِيرَ الرَّاكِبُ مِنْ صَنْعَاءَ إِلَى حَضْرَمَوْتَ لَا يَخَافُ إِلَّا اللَّهَ وَالذِّئْبَ عَلَى غَنَمِهِ وَلَكِنَّكُمْ تَسْتَعْجِلُونَ». (رواه البخاری ومسلم).

"Пеш аз шумо мушкилоти бештар буд. Марди муҷоҳид гирифта мешуд, барояш дар замин чоҳе меканданд ва ӯро дар он меадохтанд, сипас арраро меоварданд ва бар сараш гузошта ва сарашро ду ним мекарданд ва бо шонаи оҳанин баданашро шона мекарданд, ба тавре, ки ба устухон мерасид. Бо вуҷуди ин шиканҷаҳо ӯ аз динаш даст барнамедошт. Ба Аллоҳ савганд, ҳатман Аллоҳ ин динро ба камол хоҳад расонд, тавре, ки мусофир аз "Санъо" ба "Хазрамавт" биравад, ҷуз аз Аллоҳ ва хатари гург бар гӯсфандонаш, аз чизи дигаре наҳаросад, вале шумо аҷалаву шитоб мекунед". (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Дигар Паёмбарони Илоҳӣ низ ҳамонанди Расули гиромӣ (с) дар ин роҳ сахтиҳову мусибатҳоеро таҳаммул карданд ва сабру бурдбориро пеша намуданд, то ҷое ки бисёре аз онҳо монанди Аюб ва Яъқуби забонзад ва усваи сабру шикебойи гаштанд ва аз сӯи дигар, ёрони гиромии Расули Акрам (с) ва шогирдони мактаби Нубувват, монанди Абӯбакру Аммор ва Билолу Хаббоб ва Суҳайбу Мусъаб ва ғайр, дар ин роҳ сахтиҳо ва шиканҷаҳои шадидеро ба ҷон хариданд ва бисёре аз онҳо аз арзишмандтарин доштаҳои дунявии худ гузашта ва бо сабру бурдборӣ, ризогии Аллоҳ ва Расулашро ба даст оварданд.

Бародарони мусалмон! Ҳамон гуна, ки ин бузургон нидои Аллоҳро лабайк гуфта ва ниҳоли сабрро дар нафси хеш шукуфо сохтанд, бар мо лозимаст, ки ба онҳо иқтидо намуда ва дар тамоми шуъӯни зиндагии рӯзмараамон ва дар бархурд бо дигарон, аъам аз аҳли хонавода, падару модар, ҳамсару фарзанд, ҳамсоя ва дӯст, ҳамкору коргар, устоду муаллим, шогирд ва зердаст, ҳама ва ҳама ба ин сифати писандида, ороста шавем ва ба пирӯзӣ ва растагории ҷовидона даст ёбем.

اللهمَّ صلِّ وسلِّم وبارِك على عبدِك ورسولِك مُحمّد, وارْضَ اللهمَّ عن خلفاء نبيك الرّاشدين الأئمة الهداة المهديين ذوي القدر العلي والفخر الجلي ساداتنا وأئمتنا أبي بكر وعمر وعثمان وعلي وارض اللهم عن السبطين الشهيدين سيدی شباب أهل الجنة وقرتی أعين أهل السنة الإمام أبي محمد الحسن والإمام أبي عبدالله الحسين وعن أمهما فاطمة الزهرا وعن جدتهما خديجة الكبرى وعن الصديقة بنت الصديق عائشة أم المؤمنين وعن سائر أزواج نبيك الطاهرات وعن سائر آل بيت النبي المطهرين من الدنس والأرجاس وعن عمي النبي الكريم حمزة والعباس وعن من تبعهم بإحسان الى يوم الدين.

اللهم أحينا في موالاتهم وموالاة أولياءهم ومعاداة أعدائهم وأمتنا على ملتهم واحشرنا في زمرتهم .

اللهم أعز الإسلام والمسلمين ، وأذل الشرك والمشركين ، ودمر أعداء الدين ، واجعل اللهم هذا البلد آمناً مطمئناً وسائرَ بلاد المسلمين .

اللهم انصر من نصر الدين، اللهم انصر دينك وكتابك وسُنَّة نبيِّك - صلى الله عليه وسلم.

اللهم انصر إخواننا المسلمين في كل مكان يا حي يا قَيُّوم، اللهم انصرهم نصرًا مؤزَّرًا، وأيدهم بتأييدك، واحفظهم بحفظك يا حي يا قيوم يا ذا الجلال والإكرام.

اللهم آمنَّا في أوطاننا، وأصلح أئمتنا، وولاة أمورنا، واجعل ولايتنا فيمن خافك واتقاك، واتبع رضاك يا رب العالمين، اللهم أَبرِم لهذه الأمة أمرَ رشدٍ يَعزُّ فيه أهل طاعتك، ويُذلّ فيه أهل معصيتك، ويُؤمر فيه بالمعروف، ويُنهى فيه عن المنكر؛ إنك على كل شيء قدير.