Зиндагии ҳақиқӣ, зиндагии охират аст

Тақвият додани имон ба рӯзи охират.

Ташвиқ барои касби тӯша барои охират.

Барҳазар сохтан аз такя ба дунё.

Баёни фарқ байни дунёи фонӣ ва охирати ҷовидон.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي أحيا قلوب عباده المؤمنين بالإيمان وجعل لهم نهاية يؤجرون ويكرمون وينعمون في يوم القرار والصلاة والسلام علي خير من بشر الأخيار وأنذر الأشرار وعلي آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان الي يوم القرار. وبعد:

Бародарони мусалмон! Αллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

«Эй мӯминон! Чунон чи ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред магар дар ҳоле, ки мусалмон бошед».

Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол даъват мекунам.

Бародарони гиромӣ ва мӯминони биҳишту зиндагии охират! Мавзӯъи ин ҳафтаи мо дар бораи зиндагии ҳақиқист, зиндагие, ки пас аз зиндагии дунёявии муваққатӣ шурӯъ мешавад ва ҳаргиз поён надорад. Оре, ин ҷаҳон ва тамоми ҳасту нести ин зиндагии моддӣ, фано хоҳад шуд ва он чӣ боқӣ мемонад, зоти гиромии Аллоҳи мутаъол ва зиндагии ҳақиқии охират аст:

( كُلُّ مَنْ عَلَيْهَا فَانٍ 26 وَيَبْقَى وَجْهُ رَبِّكَ ذُو الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ 27 ) [الرحمن: 26 - 27]

«Ҳар чӣ бар рӯи он (замин) аст, фонӣ мешавад ва (танҳо) рӯи парвардигори зулҷалолу гиромии туст, ки боқӣ мемонад».

Аллоҳи мутаъол дар бораи беарзишии ин дунё ва зиндагии нопойдори он дар каломи маҷидаш ҳушдор дода ва ба арзиш ва аҳамияти зиндагии охират таъкид намудааст.

( اعْلَمُوا أَنَّمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَزِينَةٌ وَتَفَاخُرٌ بَيْنَكُمْ وَتَكَاثُرٌ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ كَمَثَلِ غَيْثٍ أَعْجَبَ الْكُفَّارَ نَبَاتُهُ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَاهُ مُصْفَرًّا ثُمَّ يَكُونُ حُطَامًا وَفِي الْآَخِرَةِ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَغْفِرَةٌ مِنَ اللَّهِ وَرِضْوَانٌ وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ 20 ) [الحديد: 20]

« Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бини, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнӯдии Ӯ. Ва зиндагии дунё чизе ҷуз матоъи фиребанда нест».

Пас зиндаги дар дунё фақат як баҳори зудгузарест, ки ба зудӣ тирамоҳу зимистон, тозагӣ ва шодобии онро дар ҳам хоҳад печид ва фақат зиндагии ҳақиқии охират боқӣ хоҳад монд. Оре, таваҷҷӯҳ фармудед, ки зиндагии дунё, чизе ҷуз матоъи фиребанда нест.

Дар ҷои дигаре маъбуди якто ва ягона дар бораи дунё ва беарзишии он мефармояд:

( إِنَّمَا مَثَلُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا كَمَاءٍ أَنْزَلْنَاهُ مِنَ السَّمَاءِ فَاخْتَلَطَ بِهِ نَبَاتُ الْأَرْضِ مِمَّا يَأْكُلُ النَّاسُ وَالْأَنْعَامُ حَتَّى إِذَا أَخَذَتِ الْأَرْضُ زُخْرُفَهَا وَازَّيَّنَتْ وَظَنَّ أَهْلُهَا أَنَّهُمْ قَادِرُونَ عَلَيْهَا أَتَاهَا أَمْرُنَا لَيْلًا أَوْ نَهَارًا فَجَعَلْنَاهَا حَصِيدًا كَأَنْ لَمْ تَغْنَ بِالْأَمْسِ كَذَلِكَ نُفَصِّلُ الْآَيَاتِ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ24 ) [يونس: 24]

« Масали зиндагии дунё, чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то ба он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯяд, чӣ онҳо, ки одамиён мехӯранд ва чӣ онҳо, ки чорпоён мечаранд. Чун замин зинати худ баргирифт ва ороста шуд ва мардумаш пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони мо шабҳангом ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯӣ дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст, оётро барои мардуме, ки меандешанд, ба тафсил баён мекунем».

Ва инаст он чӣ, ки мо ба он дил бастаем, таъбири дигареро мулоҳиза фармоед, ки Аллоҳи ягона ва маъбуди ҳақиқии мо, ки холиқ ва мудаббири ин ҷаҳон ва ҷаҳони охират аст, дар бораи ин зиндагӣ чӣ мефармояд:

( وَمَا هَذِهِ الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ وَإِنَّ الدَّارَ الْآَخِرَةَ لَهِيَ الْحَيَوَانُ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ 64 ) [العنكبوت: 64]

«Ва ин зиндагии дунё (чизе) ҷуз саргамӣ ва ё бозича нест ва бешак агар медонистанд сарои охират ҳамон зиндагии (воқеъӣ) аст».

Пас зиндагии охират, ҳамон зиндагии ҳақиқист, ки ману шумо барои он офарида шудаем ва дар он ҳамеша хоҳем монд ва хушо ба саъодати касоне, ки аз аҳли баҳишт ва растагории доим бошанд, ки дар он сурат ҳамвора дар неъмати абадӣ хоҳанд буд.

( فَأَمَّا إِنْ كَانَ مِنَ الْمُقَرَّبِينَ 88 فَرَوْحٌ وَرَيْحَانٌ وَجَنَّةُ نَعِيمٍ 89 ) [الواقعة: 88 - 89]

«Ва аммо агар аз асҳоби рост (саъодатманд) бошад, пас (дар) осоишу райҳон ва боғи (биҳишт) пурнеъмат аст».

Ва ин неъматҳои бепоён ва абадӣ ва сармадии биҳишти ҷовидон ва дилпазир ва поёнопазир аст, ки умедворем Аллоҳи ягона ва якто ману шуморо ҷузъи он бандагони пирӯз сарафроз бигардонад.

( وَجَزَاهُمْ بِمَا صَبَرُوا جَنَّةً وَحَرِيرًا 12 مُتَّكِئِينَ فِيهَا عَلَى الْأَرَائِكِ لَا يَرَوْنَ فِيهَا شَمْسًا وَلَا زَمْهَرِيرًا 13 وَدَانِيَةً عَلَيْهِمْ ظِلَالُهَا وَذُلِّلَتْ قُطُوفُهَا تَذْلِيلًا 14 وَيُطَافُ عَلَيْهِمْ بِآَنِيَةٍ مِنْ فِضَّةٍ وَأَكْوَابٍ كَانَتْ قَوَارِيرَ 15 قَوَارِيرَ مِنْ فِضَّةٍ قَدَّرُوهَا تَقْدِيرًا 16 وَيُسْقَوْنَ فِيهَا كَأْسًا كَانَ مِزَاجُهَا زَنْجَبِيلًا 17 عَيْنًا فِيهَا تُسَمَّى سَلْسَبِيلًا 18 وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَانٌ مُخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيْتَهُمْ حَسِبْتَهُمْ لُؤْلُؤًا مَنْثُورًا 19 وَإِذَا رَأَيْتَ ثَمَّ رَأَيْتَ نَعِيمًا وَمُلْكًا كَبِيرًا 20 عَالِيَهُمْ ثِيَابُ سُنْدُسٍ خُضْرٌ وَإِسْتَبْرَقٌ وَحُلُّوا أَسَاوِرَ مِنْ فِضَّةٍ وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا 21 إِنَّ هَذَا كَانَ لَكُمْ جَزَاءً وَكَانَ سَعْيُكُمْ مَشْكُورًا 22 ) [الإنسان: 12 - 22]

«Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод. Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте. Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад. Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд. Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд. Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад, аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд. Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд. Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург. Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад».

Бале азизон! Инаст он зиндагии ҳақиқӣ ва сарои доимие, ки мову шумо ҳамеша дар он хоҳем монд ва инаст, он неъматҳое, ки бояд мо барои расидан ба он, бояд бо ҳам рақобат дошта бошем, бештарин авқоту талоши худро дар роҳи расидан бо он сарф намоем.

Аммо ин инсони ғофил чиқадар аз ҳадаф дур аст, яъне худи ману шумо чиқадар дар ғафлат зиндагӣ мекунем ва чиқадар ба ин ҷаҳони фонӣ ва зебу зинати он дил бастаем ва худро мефиребем ва умри арзишманди худро беҳуда сарф мекунем ва ногаҳон фурсат тамом мешавад ва ба сӯи охират ва зиндагии ҳақиқӣ тела дода мешавем.

Абӯҳурайра (р) мефармояд: Шунидам Расули Аллоҳ (с) мефармуданд:

«لا يَزَالُ قَلْبُ الْكَبِيرِ شَابًّا فِي اثْنَتَيْنِ: فِي حُبِّ الدُّنْيَا، وَطُولِ الأَمَلِ».(بخارى 6420)

«Дили инсонҳои кӯҳансол дар ду чиз ҳамчунон мемонад: дӯстии дунё ва орзӯйи тӯлонӣ». (Ривояти Бухорӣ 6420).

Ва Алӣ (р) мефармояд:

«ارتحلت الدنيا مدبرة، وارتحلت الآخرة مقبلة ولكل واحدة منهما بنون، فكونوا من أبناء الآخرة، ولا تكونوا من أبناء الدنيا، فإن اليوم عمل ولا حساب، وغدا حساب ولا عمل».

«Дунё дар ҳолати дуршудан ва охират дар холи наздик шудан аст ва ҳар кадом аз ин ду фарзандоне доранд, пас шумо аз фарзандони охират бошед ва аз фанзандони дунё мабошед, зеро ки имрӯз амал аст ва ҳисобе нест ва фардо ҳисоб аст ва амале нахоҳад буд».

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.

الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.

Бародарони гиромӣ! Расули гиромии мо (с) мефармояд:

«إذا مات ابن آدم انقطع عمله إلا من ثلاث ؛ صدقة جاريه ؛ أو علم نافع ينتفع به ؛ أو ولد صالح يدعو له».( به روايت مسلم )

«Ҳар гоҳ инсон бимирад, амалаш қатъ мегардад, магар аз се чиз: садақаи ҷория ё илме, ки аз он истифода шавад ва ё фарзанди неке, ки барояш дуо кунад». (Ривояти Муслим).

Пас зиндагии дунё арзише надорад, ки инсон ҳамаи чизи худро сарфи он кунад. Инсони оқил касест, ки аз вақту имконоте, ки дар ихтиёр дорад, барои обод кардани охират истифода кунад ва бидонад, ки зиндагии ҳақиқӣ, зиндагии охират аст.

Сарварони гиромӣ! Оё медонед, ки имон ба рӯзи охират чӣ самароти арзишманде дорад. Ба ин нукоти бисёр муҳим таваҷҷӯҳ дошта бошед.

Шавқу рағбат ба анҷоми тоъот ва ҳирс бар он, ба хотири подош ва савобе, ки дар пай дорад.

Тарс аз гуноҳ ва палид шудан ба он аз тарси он рӯз.

Тасаллӣ ва итминони мӯмин аз он чӣ аз даст медиҳад, ба хотири умедворӣ, ки савоби биҳишт ва неъматҳои он дорад.

Итминон ба рӯзи растохез, асоси саъодати фарду ҷомеъа аст, зеро вақте, ки инсон имон дошта бошад, ки Аллоҳи мутаъол махлуқотро пас аз мурданашон зинда мекунад ва аз ҳар хубу бади онон, ҳисоб мегирад ва интиқоми мазлумро мегирад, ҳатто аз ҳайвон, ҳатман ба роҳ меояд ва ба тоъати Аллоҳ машғул мешавад, бинобарин решаи шарру фасод аз байн меравад ва хайру некӣ бар ҷомеъа ҳоким мешавад ва фазилату итминон ва оромиш ҳама ҷоро фаро мегирад.

Пас бо таваҷҷӯҳи нукоти фавқ, арзиши имон ба рӯзи охират, бисёр ҳаётӣ аст ва ба ҳамин далел бахши умдае аз Қуръони Карим ба ин амр ихтисос ёфтааст.

Ва аммо барои ин, ки ҳақиқати беарзиши ин дунё ва аҳамияти охират ва сарои ҷовидони биҳишти барринро бидонем, хулосаеро аз як ҳадиси муфассал аз саҳеҳи Бухорӣ, ки Саҳобии ҷалилулқадр ва шогирди мунҳасир ба фарди Расули мукаррам (с), яъне ҳазрати Абӯҳурайра Давсий (р) ривоят кардааст, дар ин ҷо меоварем, ки Расули бузургворамон (с) дар тавсифи як саҳна аз рӯзи ҳашр мефармояд:

«Пас аз он Аллоҳи мутаъол аз қазовати байни бандагон дар ҳоле фориғ мешавад, ки фақат яке аз бандагонаш байни биҳишту дӯзах билотаклиф мондааст ва ӯ охирин фарди дӯзахист, ки вориди биҳишт мешавад. Ӯ ки чеҳрааш ба сӯи дӯзах аст, мегӯяд: Парвардигоро! Чеҳраамро аз дӯзах баргардон, зеро вазиши ҳавои оташи он ҳоламро ба ҳам мезанад ва шӯълаҳои оташинаш маро месӯзонад. Аллоҳи мутаъол мефармояд: Агар ин хостаатро бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд: савганд ба иззатат, ки намехоҳам! Ва чандин аҳду паймони дигаре мебандад. Аллоҳи мутаъол чеҳраашро аз ҷониби дӯзах бармегардонад. Вақте чеҳрааш ба сӯи биҳишт мешавад ва шодобии онро мебинад, ибтидо андаке сукут мекунад, сипас мегӯяд: : يَا رَبِّ قَدِّمْنِي عِنْدَ بَابِ الْجَنَّةِ «Парвардигоро! Маро наздик ба дарвозаи биҳишт бибар! Аллоҳи мутаъол ба ӯ мегӯяд: магар ту аҳду паймон набастӣ, ки дигар чизе нахоҳӣ? мегӯяд: Парвардигоро! Маро шақитарин бандаат магардон! Аллоҳи мутаъол мефармояд: агар ин хостаатро низ бароварда созам, чизи дигаре намехоҳӣ? Мегӯяд: « لا وَعِزَّتِكَ لا أَسْأَلُ غَيْرَ ذَلِكَ» , савганд ба иззати ту, ки дигар чизе намехоҳам! Аллоҳ ӯро наздики дарвозаи биҳишт мебарад. Вақте чашмаш ба зебоиҳо ва шодобиҳои биҳишт меафтад, лаҳзае сукут мекунад, сипас мегӯяд: «يَا رَبِّ أَدْخِلْنِي الْجَنَّةَ», Бори Илоҳо! Маро вориди биҳишт гардон. Аллоҳи мутаъол мефармояд: «وَيْحَكَ يَا ابْنَ آدَمَ مَا أَغْدَرَكَ», вой бар ту эй фарзанди Одам, чӣ қадар аҳдшикан ҳастӣ! Магар ту бо ман он ҳама аҳду паймон набастӣ, ки чизи дигаре нахоҳӣ?. мегӯяд: Парвардигоро! Маро шақитарини (бадбахт) бандагонат магардон! Аллоҳи мутаъол ба ин рафтори бандааш механдад. Сипас ба ӯ иҷоза медиҳад, ки вориди биҳишт шавад ва мефармояд: Акнун ҳар чӣ орзӯ дорӣ, бихоҳ! Пас у онқадар металабад, ки орзӯҳояш ба поён мерасад. Аллоҳи азза ва ҷалла ба ёдаш меандозад, ки чунину чунон бихоҳ, то ин, ки ин орзӯҳо низ ба поён мерасад. Ҳақ таъоло мефармояд: ду баробари он чӣ хостӣ ба ту иноят фармудам».

Ва дар ривояти Абӯсаъиди Хузрӣ (р) омадааст, ки ман худам шунидам, ки он ҳазрат (с) фармуд: « قَالَ اللَّهُ: لَكَ ذَلِكَ وَعَشَرَةُ أَمْثَالِهِ «, Аллоҳи мутаъол фармуданд: барои ту он чӣ ки хостӣ ва ба даҳ боробари он».

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صل على محمد وعلى آل محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيدظ

ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار. عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.