Касби ҳалол ва дурӣ аз ҳаром

Дарс Тавсифи

Касби ҳалол ва илтизом ба он амри воҷиб ва зарурист. Инсон дар рӯзи қиёмат қадаме бар намедорад, магар ин, ки аз вай дар бораи молаш суол мешавад, ки онро аз куҷо ба даст оварда ва дар куҷо масраф карда аст. Бар ҳар зану марди мусалмон лозим аст, ки мултазим ба касби пок бошад ва кори ҳалол, то аз моли ҳалол бихурад ва дар кори ҳалол низ молашро сарф кунад ва аз ҳаромхурӣ дурӣ кунад ва ҳамчунин аз ҳар он чӣ шубҳаи ҳаром будан дар он аст, зеро ҳар бадане, ки аз ҳаром рушд кардааст, ба оташ сазовортар аст.

Ташвиқ бар касби ризқи ҳалол.

Баёни миёнаравӣ дар талаби дунё ва парҳезгорӣ дар он.

Барҳазар доштан аз боздоштани мардум аз ҳуқуқашон.

Фазилати касби ризқи ҳалол ва дурӣ аз ҳаром.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

Аммо баъд:

Эй бандагон! Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَاتَّقُوا يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ تُوَفَّى كُلُّ نَفْسٍ مَا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ 281 )[البقرة: 281]

«Тақвои Илоҳиро пеша кунед ва аз рӯзе, ки дар он ба сӯи Аллоҳ баргардед, битарсед, рӯзе, ки ҳар шахс ҷазои он чӣ ба даст овардаро касб мекунад ва онҳо мавриди ситам қарор намегиранд».

Бидонед, ки шинохти офаридагор ва шинохти ҳадаф, сабаби пойдорӣ дар роҳ ва собитқадамӣ ва солим мондан аз лағжиш мешавад ва беҳуда рафтани талош ва талаф намудани вақт ва умр, дар умур бе фоида аст.

Ва аз неъмати Худованд ва раҳматаш бар бандагон инаст, ки дар китобҳое, ки нозил намуда ва дар ваҳйе, ки ба василаи Паёмбарон оварда, ҳадафашро аз хилқати онон баён намуда, то андешаҳо дар фаҳми он (ҳадафи хилқат) гумроҳ нашаванд.

( وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ 56 ) [الذاريات: 56]

«Ман ҷину инсонҳоро наофаридам, магар барои он, ки маро ибодат кунанд».

Ва Аллоҳ таъоло Одам (а) ва пас аз вай зурияи ӯро дар замин ҷонишин сохт:

( وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً ) [البقرة: 30]

«Ва он гоҳ, ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: ман дар замин ҷонишине қарор додаам».

....Аммо ин ҷонишинӣ аз сӯи парвардигор барои Одам ва фарзандонаш сурат гирифта ва мусаххар намудани замин ва рӯзиҳо ва нерӯҳо бо ин ҳадаф аз сӯи Аллоҳи Азза ва Ҷалла сурат гирифта аст, ки инсон бар асоси барномаи Аллоҳи Мутаъол ва шариъати вай дар замин ҷонишинӣ кунад ва неъматҳояшро дар ихтиёри инсон қарор надода, то ҳар гуна ва дар ҳар роҳе, ки хост аз он истифода кунад.

( وَآَتُوهُمْ مِنْ مَالِ اللَّهِ الَّذِي آَتَاكُمْ ) [النور: 33]

«Ва аз моли Аллоҳ, ки барои шумо ато намуда, ба онон низ бидиҳед».

Ва муқтазои ҷонишинӣ дар замин камоли хушнӯдӣ аз Аллоҳи мутаъол ва итоъат аз амр ва наҳйи вай бо дар назар доштани ҳалол ва ҳароми вай дар касбу харҷ аст.

Дар бораи касби ҳалол, Аллоҳи мутаъол ба ҳамаи бандагонаш дастур медиҳад:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ كُلُوا مِمَّا فِي الْأَرْضِ حَلَالًا طَيِّبًا وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ 168 ) [البقرة: 168]

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз он чӣ дар замин аст, ҳалол ва пок бихуред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед, ки ӯ барои шумо душмани ошкор аст».

Ва ҳамчунин фармуд:

( وَكُلُوا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللَّهُ حَلَالًا طَيِّبًا وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي أَنْتُمْ بِهِ مُؤْمِنُونَ 88 ) [المائدة: 88]

«Ва аз неъматҳои ҳалолу поке, ки ба шумо дода, бихуред ва аз Парвардигоре, ки ба ӯ имон доред, битарсед».

Ва дар ҳадисе, ки Муслим дар саҳеҳи худ аз Абӯҳурайра (р) ривоят намуда, омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

« إن الله طيبٌ لا يقبل إلا طيباً ، وإن الله أمر المؤمنين بما أمر به المرسلين فقال: ) يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ 51 ) [المؤمنون: 51]

«Ҳамоно Аллоҳ пок аст ва ҷуз покро намепазирад ва Аллоҳ мӯминонро ҳамонгуна амр намуда, ки ба Паёмбаронаш амр намуда аст, ки: «Эй Паёмбарон аз покизаҳо бихуред ва кори нек анҷом диҳед. Ман ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳам».

Ва фармуд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ ) [البقرة: 172]

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз покиҳое, ки рӯзиятон намудаем, бихуред».

Сипас дар бораи марде сухан гуфт, ки сафараш ба тӯл анҷомид, парешон ва жӯлидамуй ва ғуборолӯд, дасташро ба осмон дароз намуда ва мегӯяд:

رب یارب! «ومطعمه حرام ومشربه حرام و لبسه حرام وغذي بالحرام، فأنى يستجاب لذلك». (مسلم 1015)

«Парвардигоро! Парвардигоро! Дар ҳоле, ки ғизову нӯшиданӣ ва либосаш аз ҳаром аст ва ҳаром хӯрдааст, пас чӣ гуна дуояш қабул шавад?». (Муслим)

Аммо дар бораи харҷ кардан дар роҳи ҳалол низ масъулияти ухравии онро дар рӯзи қиёмат дар баробари Аллоҳи мутаъол баён намудааст. Дар Ҳадисе, ки Тирмизӣ онро дар Ҷомеъи худ бо санади саҳеҳ аз Абӯбурза Асламӣ (р) ривоят намуда, омадааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд:

«لَا تَزُولُ قَدَمُ ابْنِ آدَمَ يَوْمَ القِيَامَةِ مِنْ عِنْدِ رَبِّهِ حَتَّى يُسْأَلَ عَنْ خَمْسٍ، عَنْ عُمُرِهِ فِيمَ أَفْنَاهُ، وَعَنْ شَبَابِهِ فِيمَ أَبْلَاهُ، وَمَالِهِ مِنْ أَيْنَ اكْتَسَبَهُ وَفِيمَ أَنْفَقَهُ، وَمَاذَا عَمِلَ فِيمَا عَلِم». (ترمذی 2416)

"Пойҳои банда дар рӯзи қиёмат ҷо ба ҷо намешавад то вақте, ки дар бораи умраш, ки дар чӣ роҳе гузаронда ва дар бораи илмаш, ки бо он чӣ карда ва дар бораи молаш, ки аз куҷо ба даст оварда ва чӣ гуна харҷаш намуда ва дар баданаш, ки дар чӣ коре аз он истифода карда, мавриди суол қарор гирад". (Тирмизӣ 2416).

Ва ин суолест, ки бояд барои он омода шуд ва бо касби рӯзии ҳалол ва дурӣ аз моли ҳаром ва ҳамчунин бо доштани нияти холис барои касби он ва истифода аз роҳҳо ва асбобе, ки ҷоиз аст, барои талаби ризқ аз онҳо истифода кунем, посӯхи муносиб барои охиратамон дошта бошем ва дар ин миён аз исроф бипарҳезем ва эътидол ва миёнаравӣ дар ҳарҷ кардани моли Худованд, пеша кунем ва ин насиҳатест, ки Парвардигори меҳрубон дар ин суханаш моро ба он амр кардааст:

( وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَى عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا29 ) [الإسراء: 29] «Ва дастатро ба гарданат занҷир макун ва бисёр ҳам кушодадастӣ накун, то маломатшуда ва ҳасратзада бар ҷой монӣ».

Ва фармудаст:

( وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ ) [الأعراف: 31]

«Ва бихӯред ва бинӯшед, вале исроф нанамоед, ки ӯ исрофкунандагонро дӯст намедорад».

Худованди Азза ва Ҷалла дастур ба миёнаравӣ, дар харҷ кардани рӯзӣ дода ва аз исроф манъ карда, то ба ин васила миқдоре аз мол боқӣ бимонад ва дар он фаризаи закот воҷиб шавад. Ҳамчунин садақаи мустаҳаб низ мавриди писанд аст.

Ва ҳамин тавр миқдоре аз мол боқӣ бимонад, то ба василаи он сармоягузорӣ кунед ва боз ҳам ба касби рӯзӣ бипардозед. Аммо фаромӯш накунед, ки амволатонро дар роҳе наандозед, ки монеъи пешрафти дигарон шавад. Коре накунед, ки сарват ва гардиши сармоя дар инҳисори худатон боқӣ бимонад.

Ин ҳамон чизест, ки Аллоҳи мутаъол дар каломи худ моро аз он барҳазар дошта аст:

( كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاءِ مِنْكُمْ ) [الحشر: 7]

«То он, ки сарват байни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад».

Оре! сарватмандон набояд аз роҳҳое барои касби даромад истифода кунанд, ки ба ахлоқи некӯяшон зарба ворид кунад ва боиси дудастагӣ дар ҷомеъа ва ихтилофи табақотӣ шавад ва дар натиҷа робита байн афроди ҷомеъа заъиф шавад.

Аз нопоктарин ва зараровартарину бадтарин ин роҳҳо, метавон ба балои фиреб ва эҳтикору рибохурӣ ишора кард. Паёмбар (с) моро огоҳ намудаанд, ки яке аз ҳалоккунандаҳои ҳафтгона, ҳамин рибохӯрист ва Паёмбар (с) дар ҳадиси муттафиқ алайҳӣ моро аз он барҳазар доштааст:

«والذي لعن فيه النبي -صلى الله عليه وسلم- آكله وموكله وكاتبه وشاهديه وقال : «هم سواء) .» أخرجه مسلم في صحيحه 1598).

«Паёмбар (с) гиранда ва диҳандаву нависанда ва ду шоҳиди онро лаънат кардааст ва фармуда: «онон баробаранд». (Саҳеҳи Муслим 1598).

Ва вақте гурӯҳе дар замони Паёмбар (с) ба иллати шубҳае, ки барояшон пеш омада буд, ба таҳрими он эътироз кардан ва эътирозашон бар ин асос буд, ки ҳам дар тиҷорат (хариду фурӯш) ва ҳам дар рибо суд вуҷуд дорад. Аллоҳи мутаъол эътирози ононро ин гуна рад намуданд:

( الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ وَمَنْ عَادَ فَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ 275 ) [البقرة: 275] « Онон, ки рибо мехӯранд, дар қиёмат чун касоне аз қабр бармехезанд, ки ба афсуни шайтон девона шуда бошанд. Ва ин ба ҷазои он аст, ки гуфтанд: “Рибо низ чун хариду фурӯш аст». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурӯшро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст. Ҳар кас, ки панди Худо ба ӯ расид ва аз рибохӯрӣ боз истод, Худо аз гуноҳони пешини ӯ даргузарад ва кораш ба Худо вогузор шавад. Ва онон, ки бад-он кор бозгарданд, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!”.

Ин тафовут аз он ҷиҳат мебошад, ки дар тиҷорат ҳам суд ҳаст ва ҳам зиён ва ҳар кас ба фарохур талошаш ва маҳоратҳое, ки дорад мумкинаст фоида кунад, ё зарар бинад, аммо рибо дар воқеъ миқдори судест маҳз дар ҳар қарордоди рибавӣ. Ва Аллоҳи таъоло ин судро ҳаром намуда, зеро соҳиби мол онро ба хотири таъхир дар муҳлат мегирад ва ин суд дар баробари ҳеҷ мол ё хидмате гирифта намешавад, барин асос бидуни шак навъе зулм аст.

Эй бандагони Аллоҳ! Такя кардан ба суди рибо дар ғолиб монеъи машғул шудан, ба кору касб мешавад, зеро дар иштиғолу кор сахтӣ ва заҳмат вуҷуд дорад, аммо суди ба даст омада аз қарордодҳои рибавӣ ҳеҷ сахтӣ ва заҳматеро мутаҳаммили гирандаи рибо намекунад ва ҳамчунин рибохурӣ боиси қатъ кардани риштаи ҳамдардӣ ва хубиву некӣ миёни мардум мешавад ва ҳамингуна боис мешавад, сарватмандони қарздиҳанда бо гирифтани пули бештар бар фақири қарзгиранда тасаллут ёбад ва ин худ амри хилофи адл аст ва ин касби рибавӣ он гуна, ки баъзе аз уламо гуфтаанд, ба монанди душидани фақро ба нафъи сарватмандон аст ва натичаи рибо инаст, ки сарватманд сарватмандтар ва фақир фақиртар шавад, ки ин боиси таварруми яке аз табақоти ҷомеъа нисбат ба табақоти дигар мешавад. Он ҷост, ки кинаву нафрат ва даргирӣ миёни фарзандони як ҷомеъа боло мегирад ва хатароти амният ва сулҳи ҷаҳониро таҳдид хоҳанд кард.

Барои ҳамин аст, ки аз сӯи Аллоҳ ва Расулаш, бар зидди рибо эълони ҷанг шудааст, он ҷо ки Аллоҳ мефармояд:

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ 278 فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُءُوسُ أَمْوَالِكُمْ لَا تَظْلِمُونَ وَلَا تُظْلَمُونَ 279 وَإِنْ كَانَ ذُو عُسْرَةٍ فَنَظِرَةٌ إِلَى مَيْسَرَةٍ وَأَنْ تَصَدَّقُوا خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ 280 ) [البقرة:278 - 280]

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар имон овардаед, риборо ҳар чӣ боқӣ мондааст, тарк кунед. Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ҷанг бо Худову расули Ӯро эълом кардаед. Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед! Ва агар қарздор тангдаст бошад, пас бояд мӯҳлате диҳед, то тавонгар гардад. Ва ба бахшидаи ӯ барои шумо беҳтар аст, агар бидонед!».

Аз Аллоҳ мехоҳам ману шуморо ба василаи Қуръон ва Суннат аз касби ҳаром дур нигаҳ дорад.

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِله رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعـــد:

«Ҳамду ситоиш азони Аллоҳ аст. Ӯро мавриди ситоиш қарор медиҳем ва аз вай омӯрзиш мехоҳем ва аз бадиҳои нафси худ ва аз корҳои ношоистаамон ба Аллоҳ паноҳ мебарем.

Аллоҳи Азза ва Ҷалла ҳар, киро ҳидоят кунад (он шахс) дигар гумроҳкунандае нахоҳад дошт ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳидоятгаре нахоҳад ёфт.

Ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди барҳақ нест, магар Аллоҳ, ҳеҷ шарике надорад ва гувоҳӣ медиҳам, ки Паёмбарамон Муҳаммад (с) бандаи ӯст. Бор Илоҳо! Бар банда ва Паёмбарат, Муҳаммад (с) ва бар Ол ва Асҳоб ва Тобеъин ва пайравони онҳо то рӯзи қиёмат ба некӣ, дурӯду салом бифирист.

Аммо баъд!

Эй бандагони Аллоҳ! Дар заминаи байн бахше аз ҳақоиқ, дар бораи таҳрими рибо дар Ислом ва муборизаи он бо низоми рибавӣ, бархе аз уламо мегӯянд: Аз ошкортарин ҳақоиқ дар ин бора инаст, ки аз назари ақидатӣ маҳол аст (яъне сазовор нест ва ҳаром аст, ки як мусалмон бо он эътиқод дошта бошад), ки Аллоҳ чизеро, ки зиндагии башарӣ бидуни он барқарор намемонад, ҳаром бикунад, ҳамонгуна, ки аз назари ақидатӣ маҳол аст як чиз нопок бошад, вале бо ин вуҷуд барои барпойи умури зиндагӣ ва пешрафт, зарур бошад, зеро Аллоҳи таъоло холиқи замин аст ва ӯст, ки инсонро дар он ҷонишин сохта ва ӯст, ки инсонро амр ба ободсозӣ ва пешрафти он намуда, ӯст, ки ҳамаи инҳоро ирода карда ва тавфиқи онро медиҳад.

Пас мумкин нест, ки чизеро ҳаром карда бошад дар ҳоле, ки бидуни он зиндагӣ ва пешрафт имконпазир набошад ва ҳамчунин маҳол аст, ки чизе нопок буда вале барои барпойи ҳаёт лозим бошад. Ин дар воқеъ бадфаҳмӣ ва таъсири таблиғоти заҳрогинест, ки наслҳоро бар ин ақида бор оварда, ки рибо барои пешрафти иқтисодӣ зарурист ва низоми рибавӣ танҳо низоми табиъист ва сипас ин тасаввури дурӯғинро дар манобеъ ва фарҳанги инсонӣ ворид карданд ва сипас зиндагии асри ҳозир низ амалан бар ҳамин асос бунён ниҳода шуд, то ҷое, ки сахт аст, тасаввури низоми дигар ва бар асоси дигар шакл бигирад. Ин пиндор низ дар лаҳзаҳои аввал аз адами имон ё аз заъфи он сарчашма мегирад. Ва сониян аз заъфи андеша ва нотавонии он дар озод шудан, аз ин кирдораст, ки солиёни дароз бар ақлҳо ғолиб шудааст. Пас эй бандагони Аллоҳ! Тақвои вайро пеша сохта ва бар рӯзии ҳалол пойбанд бимонед ва аз ҳаром ва нопок ва зиёнбор дурӣ кунед.

Бандагони Худо! Дуруду салом бифиристед ба касе, ки дар қавли Аллоҳи мутаъол:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

бадон амр шудед!.

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.