Дарс Тавсифи

Зан дар асри ҷоҳилият беарзиш ва пастмақом буд, то ин, ки Ислом омад ва вайро такрим кард, такриме, ки мислу монанд надорад. Вайро аз зулми ҷоҳилият наҷот дод ва ҳуқуқашро тазмин кард ва вайро баробар бо мард қарор дод дар бисёре аз воҷиботи динӣ ва дар савобу иқоб ва зан дар ҳеҷ дине чунин такриму арзише наёфтааст.

Баён ҳоли зан пеш аз Ислом

Баёни маконати баланид зан дар Ислом.

Баёни баробарии зан бо мард дар баъзе масоил.

Баёни баъзе мазоҳири икроми зан дар Ислом.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] أما بعد:

Бародарону хохарони азиз! Аз он ҷое, ки зан вазифаи муҳими тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад, аз назари Ислом ба унвони мураббии наслҳо, қарор дода шуда ва ислоҳи ҷомеъа марҳуни дурусткории зан мабошад, зеро фарзандоне, ки афроди ҷомеъаро ташкил медиҳанд, ба дасти ӯ тарбият мешаванд ва дар миёни афроди ҷомеъа аст, ки давлати Исломӣ шакл мегирад ва тамоми ин умури муҳим дар гарави тарбияти саҳеҳест, ки зан дар мавриди фарзандони худ ба кор мебарад.

Барои бузургдошти мақоми зан, дар Ислом дар Қуръони маҷид сурае ба номи «Нисо» ихтисос дода шудааст ва ин дар ҳолест, ки сурае ба номи мардон вуҷуд надорад ва ба вижа модар дар Ислом ҷойгоҳи воло дорад ва Аллоҳ дар Қуръони маҷид баъд аз ибодаташ субҳонаҳу ва таъоло, ба некӣ намудан дар ҳаққи падару модар тавсия ва таъкид кардааст.

Аллоҳ мефармояд:

( وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ) [الإسراء: 23]

«(Эй инсон) Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед».

Ва Паёмбар (с) амонати тарбияти фарзандонро ба ӯҳдаи модар ниҳодааст. Чунон чӣ фармуда:

«والمرأة راعية فى بيت زوجها وهى مسئولة عن رعيتها». (متفق عليه).

«Ва зан дар хонаи шавҳараш масъули зердастони хеш аст». (Муттафақун алайҳӣ).

Занон дар даврони ҷоҳилият аз бисёр ҳуқуқи инсонӣ ва иҷтимоъии худ маҳрум буданд:

Зан ҳақи ирс бурданро надошт ва Аъроб мегуфтанд: «Аз мо ирс намебарад, магар касе, ки шамшер ва аслиҳа бар дӯш мегирад ва аз каён ва шарофати мо дифоъ мекунад».

Зан ҳаққе бар шавҳар надошт ва теъдоди талоқ муъайян набуд ва низ теъдоди ҳамсар ҳадду марзи мушаххасе надошт ва агар марде, ки дорои чанд ҳамсар буд, вафот мекард, фарзанди бузургтар барои издивоҷ бо занони падараш аз дигарон мустаҳиқтар буд ва моиндари худро монанди бақияи амволи меросӣ ба ҷо монда аз падар мешумурд.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки фармуд: «Ҳар гоҳ падари касе мемурд, ӯ бештар аз дигарон мустаҳиқ буд, ки моиндари худро бигирад. Агар мехост онро барои худ нигоҳ медошт, ё ин ки ӯро зиндонӣ мекард, то ин ки аз маҳрияаш гузашт кунад ва ё он қадар ӯро нигаҳ медошт, ки мемурд ва молаш барои ӯ боқӣ мемонд».

Иддаи зан дар замони ҷоҳилият як соли комил буд ва занон ба бадтарин ва зишттарин ҳолат ба сӯги шавҳарони аз дастдодаи худ менишастанд. Зан дар муддати идда, бадтарин либосҳоро мепӯшид ва дар бадтарин хона сукунат мекард ва оромиш ва покизагӣ ва истеъмоли хушбӯйиро тарк мекард, об бар баданаш намезад ва нохунҳояшро кӯтоҳ намекард ва мӯйҳои изофии бадашро намегирифт ва дар миёни мардум ва иҷтимоъ ҳозир намешуд ва ба ин сурат то поёни сол ба сӯг менишаст ва баъд аз ин, ки як сол аз марги шавҳараш тамом мешуд, бо зиштарин қиёфа аз хонаи сӯг берун меомад ва ба сӯи мардум мерафт.

Аъроб дар даврони ҷоҳилият канизони худро маҷбур мекарданд, то худфурӯшӣ кунанд ва пул ба даст биёваранд, ҳамчуноне, ки Қуръон Аъроби тозамусалмонро ин гуна хитоб мефармояд:

( وَلَا تُكْرِهُوا فَتَيَاتِكُمْ عَلَى الْبِغَاءِ إِنْ أَرَدْنَ تَحَصُّنًا لِتَبْتَغُوا عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ) [النور: 33]

«Канизони худро, ки боиффату покдоман ҳастанд, ба зино водор накунед, то ба ин васила молу дороии дунёро ба даст оваред».

Дар миёни Аъроби даврони ҷоҳилият анвоъе аз издивоҷи фосид ривоҷ дошт, ки дар миёни бисёре аз қабилаҳо шоеъ буд ва ҳоло низ дар баъзе ҷомеъаҳои исломӣ ривоҷ дорад аз ҷумла:

Гурӯҳе аз мардон бо як зан ҳамбистар мешуданд ва он зан ҳақ надошт фарзандеро, ки ба дунё меоварад, ба ҳар яке аз он мардон, ки мехост, нисбат диҳад.

Мард аз ҳамсараш мехост, то бо афроди мушаххасе аз сарони қавм ва афроде, ки ба шуҷоъат маърӯф буданд, ҳамбистар шавад, то фарзанди шуҷоъе монанди он мард ба дунё биёварад.

Никоҳи муваққат низ яке аз анвоъи издивоҷҳое буд, ки дар он замон ривоҷ дошт.

Никоҳи шиғор, яъне ин ки марде духтар ё ҳохарашро ба издивоҷи марди дигаре медод, ба шарти ин, ки ӯ духтар ё хоҳарашро ба издивоҷи ӯ дароварад, бидуни ин ки ҳеҷ маҳрияе барои зан муқаррар кунанд, зеро онҳо занро милки мард медонистанд ва мард ба ҳамонтавре, ки ихтиёрдорӣ амволаш буд, метавонист ҳар гуна, ки бихоҳад бо занаш бархурд кунад.

Ҳанӯз ҳам дар миёни баъзе миллатҳо ин суннати ҷоҳилӣ ривоҷ дорад. Албатта Аъроби мутамаддин, монанди Қурайш дар он замон низ ба ҳамин минвол, ки имрӯза муслимин издивоҷ мекунанд, издивоҷ мекарданд. Онҳо ибтидо аз зан хостгорӣ мекарданд ва маҳрияашро муқаррар мекарданд ва ақд анҷом мегирифт. Ислом фақат ин навъ издивоҷро барқарор гузошт, аммо баъзе аз суннатҳои золимона, монанди маҷбур сохтани зан ба издивоҷ, бо афроде, ки намехостанд ва пешгирӣ кардан аз издивоҷ ва тасарруф ва ё надодани маҳрияи зан ва ғайраро ботил намуд. Амирул-мӯминин Умар бин Хаттоб (р) мефармояд: «Мо дар даврони ҷоҳилият қабл аз Ислом занонро чизе ҳисоб намекардем, аммо вақте Ислом омад, ва Аллоҳи мутаъол ҳуқуқи занонро дар Қуръон ёдоварӣ намуд, мо пай бурдем, ки занон бар гардани мо ҳақ доранд».

Зинда ба гӯр кардани духтарон дар замони ҷоҳилият.

Аъроб дар даврони ҷоҳилият духтарони нописанд ва бадгӯшун ва фарзандони духтари худро аз тарси айбу ор, зинда ба гӯр мекарданд. Ислом ин одати бадро напазируфт ва Қуръон ба бадтарин сурат ин амали онҳоро ба тасвир кашида ва дар мавриди Аъроби даврони ҷоҳилият чунин фармудааст:

( يَتَوَارَى مِنَ الْقَوْمِ مِنْ سُوءِ مَا بُشِّرَ بِهِ أَيُمْسِكُهُ عَلَى هُونٍ أَمْ يَدُسُّهُ فِي التُّرَابِ أَلَا سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ 59 ) [النحل: 59]

«Ва ҳангоме, ки ба яке аз онҳо муждаи таваллуди духтаре дода мешуд, сураташ сиёҳ мегардид ва пур аз хашму ғазаб ва ғаму андӯҳ мешуд аз қавму қабилаи (худ) ба хотири ин хабари баде, ки ба ӯ дода мешавад, хештанро пинҳон мекард, оё ин нангро барои худ бипазирад ва духтарро нигоҳ дорад ва ё ӯро зери хок зинда багӯр созад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд!».

Ва Аллоҳи мутаъол бештар аз ин низ, ин амали зишти Аъробро тақбеҳ намуда ва фармудааст:

( وَإِذَا الْمَوْءُودَةُ سُئِلَتْ 8 بِأَيِّ ذَنْبٍ قُتِلَتْ 9 ) [التكوير:8 - 9]

«Ва ҳангоме, ки аз духтари зиндабагӯр шуда пурсида шавад, ба кадом гуноҳ кушта шудааст?».

Ислом (ҳаргиз) занро ҳамчун даврони ҷоҳилият, мавҷуди зишт ва беарзиш намедонад, балки гомҳои муассире барои аз байн бурдани табъиз ва боло бурдани мақоми зан бардоштааст. Ислом ҳамаи он ҳуқуқи инсонӣ ва иҷтимоъиеро, ки мард аз он бархурдор аст, барои зан низ муқаррар карда ва ҳамчунин бар асоси фитрату сохтмони ҷисмонӣ ва рӯҳӣ ва он чӣ муносиби ҳоли ӯст, вазифаҳоеро барои зан дар назар гирифта аст. Аз он ҷое, ки мард дорои нерӯи ҷисмонӣ ва ақли комилтарест ва ба дадели контроли эҳсосоти отифӣ ва тавонойи ва муқовимат дар баробари мушкилот ва сабр бар сахтиҳо, бурдбортар аст, Ислом мардро масъули зан қарор дода, то аз зан дифоъ кунад ва аз дастранҷи худ барои ӯ харҷ намояд.

Дар мавриди масъулиятпазирӣ ва анҷоми масъулият, зан бо мард баробар аст ва аз дидгоҳи Ислом зан метавонад ба сурати мустақим хариду фурӯш кунад ва ҳаққи моликият ва анҷоми дигар муъомалотро дошта ва дар сарнавишти иҷтимоъии худ мушорикат намояд, ки ин низ, яке аз мазоҳири эҳтироми зан дар Ислом аст.

Аллоҳи мутаъол дар Қуръон фармудааст, ки инсонҳоро аз зану мард офарида аст ва ҳама бо ҳам бародаранд ва меъёри бартарӣ назди Аллоҳ, амали солеҳу тақвост, чунон ки фармудааст:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ 13 ) [الحجرات: 13]

«Эй мардум! Мо шуморо аз марду зан офаридаем ва шуморо миллатҳову қабоил гардонидаем, то ҳамдигарро бишносед, бегумон гиромитарини шумо назди Аллоҳ бо тақвотарини шумост. Аллоҳ доно ва бохабар аст».

Ва низ аз дигар нишонаҳои мақоми болои зан дар Ислом инаст, ки омӯхтани илму донишро ба занон бо аҳамият донистааст.

Аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) ривоят шуда, ки занони саҳоба ба Паёмбар (с) гуфтанд,: «Мардон аз мо бештар аз маҳзари мубораки шумо истифода мекунанд, як рӯзро барои мо муъайян кунед, ки дар он рӯз ба мо омӯзиш диҳед».

Ба ин сурат Расули Акрам (с) рӯзеро мушаххас намуданд ва занон дар он рӯз ҷамъ мешуданд ва Паёмбар (с) барои онон суханронӣ мекарданд ва ба онҳо дастӯроти лозимро медоданд. Яке аз матолибе, ки Паёмбари (с) ба онҳо меомӯхтанд, ин буд, ки «ҳар зане аз шумо се кӯдаки худро аз даст бидиҳад, барои ӯ ҳиҷобе хоҳад буд, ки ӯро аз оташи ҷаҳаннам наҷот медиҳанд». Зане гуфт: агар касе ду фарзандашро аз даст дода бошад? Паёмбар фармуданд: «Агар дуто бошад, низ чунин аст». (ба ривояти Бухорӣ).

Аллоҳи мутаъол дар Қуръони Маҷид аз занон дар канори мардон ин гуна таъриф намудааст:

( إِنَّ الْمُسْلِمِينَ وَالْمُسْلِمَاتِ وَالْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْقَانِتِينَ وَالْقَانِتَاتِ وَالصَّادِقِينَ وَالصَّادِقَاتِ وَالصَّابِرِينَ وَالصَّابِرَاتِ وَالْخَاشِعِينَ وَالْخَاشِعَاتِ وَالْمُتَصَدِّقِينَ وَالْمُتَصَدِّقَاتِ وَالصَّائِمِينَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاكِرِينَ اللَّهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتِ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا 35 ) [الأحزاب: 35]

«Худо барои, мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯ ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музди бузурге, омода кардааст!».

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ –صلى الله عليه وسلم-، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Эй мусалмонон! Аллоҳи мутаъол дар сураи Нисо ба баёни умури муҳиме пардохтааст, ки ба зан ва хонавода ва ҳукумату ҷомиъа марбут аст ва бештарин бахши сураи Нисо дар бораи ҳуқуқи занон мебошад. Аз ҳамин хотир ин сура ба номи сураи Нисо номниҳода шудааст. Агар дар мафҳуми ин сура фикр кунем, мебинем, ки Аллоҳи мутаъол занро бисёр икром намудааст.

Аллоҳи мутаъол нахустин занро аз паҳлуи нахустин мард офарид ва аз омезиши зану мард, занону мардони бисёре офарид ва дар дунё мунташир кард:

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

«Эй мардум! битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост!».

Занон дар Ислом аз ирс саҳм мебаранд, Аллоҳи мутаъол фармудааст:

( لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ مِمَّا قَلَّ مِنْهُ أَوْ كَثُرَ نَصِيبًا مَفْرُوضًا 7 ) [النساء: 7]

« Аз ҳар чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр занонро низ насибест. Насибе муайян».

Дар аёми ҷоҳилият қабл аз Ислом фақат мардон ирс мебурданд ва занон аз ирс маҳрум буданд. Ислом ба ин қонуни ҷоҳилӣ хотима дода ва барои зан саҳме дар ирс муқаррар намуд. Мутаассифона имрӯз низ дар баъзе манотиқ ҳамон қонуни ҷоҳилии Қурайш дар мавриди ирси занон ба кор бурда мешавад, яъне мардону фарзандони писар аз мероси падар баҳраманданд ва занону духтарон маҳрум мешаванд.

Тафовут миёни саҳми мероси мард ва саҳми мероси зан:

( يُوصِيكُمُ اللَّهُ فِي أَوْلَادِكُمْ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ ) [النساء: 11]

«Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки саҳми писар баробари сахми ду духтар аст».

Аз инҷое, ки мард ӯҳдадори таъмини нафақаи фарзандонаш мебошад ва низ дар ҳангоми издивоҷ бояд маҳрияи занро бипардозад, Аллоҳи мутаъол саҳми мард аз меросро дубаробари саҳмияи зан қарор додааст.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки: «Дар даврони ҷоҳилият ё қабл аз нузули сураи Нисо, мол азони фарзанд буд ва васиятнома ба волидайн таъаллуқ мегирифт. Аллоҳ аз ин аҳком чизеро насх намуда ва саҳмияи мардро ду баробари зан қарор дода ва барои ҳар як аз падару модар, як шашум ва як саввум муқаррар намуда ва саҳмияи занро аз моли ҳамсараш як ҳаштум ва як чаҳорум қарор дода ва барои шавҳар нисф ва як чаҳорумро муъайян кард». (Бухорӣ)

Ва ҳамчунин маҳрияро шавҳар бояд ба зан бипардозад, Аллоҳи мутаъол фармуда:

( وَآَتُوا النِّسَاءَ صَدُقَاتِهِنَّ نِحْلَةً فَإِنْ طِبْنَ لَكُمْ عَنْ شَيْءٍ مِنْهُ نَفْسًا فَكُلُوهُ هَنِيئًا مَرِيئًا 4 ) [النساء: 4]

«Ва маҳрияи занонро ба унвони ҳадияи холисона ва фаризаи Илоҳӣ бипардозед, пас агар бо ризояти хотир чизе аз маҳрияи худ ба шумо бахшиданд, онро ҳалол ва гуворо масраф кунед».

Ибни Аббос (р) мефармояд: «Ниҳла, яъне маҳрия».

Аллоҳ ба шавҳарон дастӯр дода, то бо занҳои худ ба хубӣ зиндагӣ кунанд ва фармудааст:

( وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ ) [النساء: 19]

Яъне, «Ва бо онон (занон), ба некӯйи рафтор кунед», ҳамчунон, ки шумо интизор доред, ки ҳамсаронатон бо шумо ба некӣ рафтор кунанд, онгуна, ки Аллоҳ фармудааст:

( وَلَهُنَّ مِثْلُ الَّذِي عَلَيْهِنَّ بِالْمَعْرُوفِ ) [البقرة: 228]

«Ва барои ҳамсарон (ҳуқуқу воҷиботе) аст, (ки бояд шавҳарон) ба гунаи шоистаи, адо бикунанд, ҳамон гуна, ки занон низ дар қиболи он вазифаҳое доранд.

Ва Паёмбар (с) фармуданд:

«خَيْرُكُمْ خَيْرُكُمْ لِأَهْلِهِ وَأَنَا خَيْرُكُمْ لِأَهْلِي»

«Беҳтарини шумо, беҳтаринатон бо ҳамсараш аст ва ман аз ҳамаи шумо бо ҳамсаронам беҳтар рафтор мекунам». (сунани Тирмизӣ)

Шавҳар вазифадораст бо занаш ба некӣ рафтор кунад, гар чӣ аз хусусиёти занаш хушаш наояд. Аллоҳи мутаъол фармудааст:

( فَإِنْ كَرِهْتُمُوهُنَّ فَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَيَجْعَلَ اللَّهُ فِيهِ خَيْرًا كَثِيرًا 19 ) [النساء: 19]

« Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад”.

Агар занеро меписандед ва мехоҳед бо ӯ идомаи зиндагӣ бидиҳед, ба таъбири Қуръон бо (имсоки ба маъруф) ӯро нигоҳ доред ва агар ӯро намеписандед, пас “тасреҳи ба эҳсон кунед”, яъне бо пардохти ҳақу ҳуқуқаш ба хубӣ аз ӯ ҷудо шавед. Ҳифзи обрӯ ва некномии зан чунон назди Аллоҳ муҳим аст, ки дар ин маврид Қуръон оятҳое нозил намуда, ки то қиёмат тиловат мешаванд ва дар ин оёт Аллоҳи мутаъол мардумро аз тӯҳматзадан ва пахш кардани шоиъаи бад, дар мавриди зани мусалмон бар ҳазар доштааст. Чунон чӣ фармудааст:

( وَالَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ ثُمَّ لَمْ يَأْتُوا بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ فَاجْلِدُوهُمْ ثَمَانِينَ جَلْدَةً وَلَا تَقْبَلُوا لَهُمْ شَهَادَةً أَبَدًا وَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ ) [النور: 4]

«Касонеро, ки занони покро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод зарба бизанед ва аз он пас ҳаргиз шоҳидиашонро напазиред, ки мардуме фосиқанд».

Аллоҳ дар ин оят сазои касеро, ки ба зани мӯмин тӯҳмат мезанад, ҳаштод шаллоқ муқаррар карда ва низ бо напазируфтани шаҳодати тӯҳматзананда барои ҳамеша ва тавсифи ӯ ба фисқ, сазояшро ташдид намудааст.

Бинобарин зани мусалмон бояд ба таъолими Ислом, ки иззату кароматро барои ӯ ба армуғон овардааст, эътимод ва яқини комил дошта бошад ва бовар дошта бошад, ки таъолими Исломӣ дар тамоми заминаҳои ҳуқуқии инсонӣ ва иҷтимоъӣ, миёни зану мард ба адолат ва инсоф, ҳукм намуда ва тибқи фитрат ва табиъати зан, ки Аллоҳи мутаъол онро беҳтар медониста, масири ӯро дар зиндагӣ мушаххас кардааст.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين. اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حبک و حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم. اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.